Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Ваҳшии доруломони гӯшаи танҳоӣем,

Ваҳшии доруломони гӯшаи танҳоӣем, Дашт-дашт аз сояи мардум гурезонем мо. Аз шабехуни хумори субҳдам осудаем, Мастии дунболадори чашми хубонем мо. Хирқа аз мо меситонад нофаи мушкиннафас, Аз ҳаводорони он зулфи парешонем мо. Соҳиби номанд аз мо оламу мо тирарӯз, Чун нигин дар ҳалқаи гардиши гардонем мо. Гарчи дар назми ҷаҳон коре намеояд зи мо, Аз ҳадиси рост сарви ин гулистонем мо. Гар чароғи базми олам нест, Соиб, килки мо, Чун зи бахти тира доим дар шабистонем мо?