Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Ба мижгон хор-хор аз сина мерӯёнад оташро,

Ба мижгон хор-хор аз сина мерӯёнад оташро, Ба ёқути лаб аз рух ранг мегардонад оташро. Кабобам мекунад он масти бепарво, намедонад, Ки ҳар як қатра ашки ман ба хун ғалтонад оташро. Сипанди ман надорад тоби маҳтоби ту, сангин дил, Мизоҷи саркаше дорӣ, ки месӯзонад оташро. Наам парвона, то бар гирди шамъи дигарон гардам, Сипанди шӯхи ман аз санг мерӯёнад оташро. Дар ин қаҳти ҳаводорӣ аҷаб дорам зи хокистар, Ки дар ҳангоми мурдан чашм мепӯшонад оташро. Ба ҳамворӣ адаб кун хасми саркашро, ки хокистар Ба нармӣ зердасти хеш мегардонад оташро. Ба чашми ашкбори ман чӣ хоҳад кард, ҳайронам, Парирӯе, ки дар чашм об мегардонад оташро. Намебошад сипар андохтан дар пеши мо, Соиб, Сипанди мо ба майдони ҷадал мехонад оташро.