Ёди рухсори туро дар дил ниҳон дорем мо,
Ёди рухсори туро дар дил ниҳон дорем мо,
Дар дили дӯзах биҳишти ҷовидон дорем мо.
Дар баҳори мо хазонҳо чун ҳино пӯшидааст,
Гарчи дар зоҳир баҳори бехазон дорем мо.
Нест ҷони сахти мо аз сахтии даврон малул,
Зиндагӣ чун ҳумо аз устухон дорем мо.
Дар чунин роҳе, ки мардон тӯша аз дил кардаанд,
Содалавҳӣ бин, ки фикри обу нон дорем мо.
Ҳиммати пирон далели мост, ҳар ҷо меравем,
Қуввати парвоз чун тир аз камон дорем мо.
Қомати мо чун камон аз сайди худ хамёза аст,
Ҳар чӣ дорем, аз барои дигарон дорем мо.
Чист хоки тира, то бошад тамошогоҳи мо,
Сайрҳо дар хештан чун осмон дорем мо.
Гарчи медонем охир бар сари афсонаем,
Пунбаҳо дар гӯш аз хоби гарон дорем мо.
Гарчи ғайри соя моро нест дигар мевае,
Миннати рӯи замин бар боғбон дорем мо.
Гарчи, Соиб, дасти мо холист аз нақди ҷаҳон,
Чун ҷарас овозае дар корвон дорем мо.