Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Гарчи симои хазон дорад рухи чун зар маро,

Гарчи симои хазон дорад рухи чун зар маро, Дар саводи дил баҳоре ҳаст чун анбар маро. Гарчи чун шабнам дар ин гулшан ғариб афтодаам, Боғбон аз домани гул мекунад бистар маро. Мешавад аз ғафлати саршори ман рагҳои хоб, Сӯзани алмос агар резанд дар бистар маро. Ҷавҳари оинаи мо чун зиреҳ зери қабост, Дар сафои сина пӯшидаст бас ҷавҳар маро. Баски дидам сардмеҳрӣ аз насими навбаҳор, Бода хуни мурда шуд чун лола дар соғар маро. Неъмате чун серчашмӣ нест дар хони вуҷуд, Бениёз аз баҳр дорад оби ин гавҳар маро. Орзуе ҳар замон дар дил бар оташ мениҳам, Оташи бедуд бошад айб чун миқмар маро. Чеҳраи хуршед пинҳон аст дар зангори ман, Мезанад сайқал ба чашми баста равшангар маро. Санги хороро шарори ман гиребон пора кард, Содалавҳ он кас, ки мепӯшад ба хокистар маро. Хурдабине нест, Соиб, варна чун холи бутон Як ҷаҳон маънист дар ҳар нуқтаи мизмар маро.