Аз ҷаҳон то риштатобе дастрас бошад туро,
Аз ҷаҳон то риштатобе дастрас бошад туро,
Ҳар сари хоре дар ин водӣ асас бошад туро.
Аз гирифторони худ сайёд мегирад хабар,
Фикри рӯзӣ чанд дар кунҷи қафас бошад туро.
Мешавӣ афтодатар ҳарчанд бархезӣ зи ҷо,
То зи мардум дастгирӣ мултамас бошад туро.
Чанд аз омезиши дарёи ваҳдат чун ҳубоб
Пардадори чашми кӯтоҳбин нафас бошад туро.
То ту меларзӣ ба тору пуди ҳастӣ ҳамчу мавҷ,
Қисмат аз дарёи гавҳар хору хас бошад туро.
Чашми бешарми ту сериро намедонад, ки чист,
Дар талоши ризқ то ҳирси магас бошад туро.
Шарм аз ҳақ кун, манол аз бекасӣ чун нокасон,
Кист охир олами нокас, ки кас бошад туро.
Сарф дар парвози дил кун қуввати бозуи хеш,
Дар ҷаҳони тира, Соиб, то нафас бошад туро.