Дар биёбони талаб роҳбаре нест маро,
Дар биёбони талаб роҳбаре нест маро,
Сари парвоз ба боли дигаре нест маро.
Он нафасбохта, ғаввоси ҷигарсӯхтаам,
Ки ба ҷуз обилаи дил гавҳаре нест маро.
Рӯзгорест, ки бо реги равон ҳамсафарам,
Меравам роҳу зи манзил хабаре нест маро.
Мезанам бол ба ҳам, то фитад оташ дар ман,
Аз дили санг умеди шараре нест маро.
Сокини киштии Нӯҳам, зи сабукбории хеш
Чун хасу хор зи тӯфон хабаре нест маро.
Гарчи чун сарв тамошогоҳи аҳли назарам,
Аз ҷаҳон ҷуз гиреҳи дил самаре нест маро.
Метавон рафт чу оташ ба рагу решаи шамъ,
Ба дилозории парвона саре нест маро.
Ҳама шаб бо дили девонаи худ дар ҳарфам,
Чӣ кунам, ҷуз дили худ номабаре нест маро.
Хотири амн ба мулки ду ҷаҳон меарзад,
Нестам дарҳам, агар симу заре нест маро.
Метавонам шарораеро ба пару бол расонд,
Дархӯри шамъ агар болу паре нест маро.
Бурдаам ғунчасифат сар ба гиребон, Соиб,
Ҷуз дил уммеди кушоиш зи даре нест маро.