Кӣ дорад инчунин саргаштаву бетоб дарёро,
Кӣ дорад инчунин саргаштаву бетоб дарёро,
Ки наъле ҳаст дар оташ зи ҳар гирдоб дарёро.
Фурӯғи гавҳар андар дидаи ман хоб медуздад,
Ки мерезад намак дар пардаҳои хоб дарёро.
Бузургонро ба ҳарфе метавон аз ҷо даровардан,
Ки гардонад ба гирди хеш чун гирдоб дарёро.
Дили равшан ба андак илтифоте мешавад комил,
Ки сими ноб созад партави маҳтоб дарёро.
Бувад домони арбоби карам вақфи тиҳидастон,
Ба сӯи худ кашад ҳар мавҷ чун куллоб дарёро.
Зи ҳарфи сарди носеҳ гармии ошиқ нагардад кам,
Наандозад зи ҷӯши хештан селоб дарёро.
Зи тавқи ҳалқаи занҷир шуд савдои ман афзун,
Назад муҳри хамӯшӣ бар даҳан гирдоб дарёро.
Намеҷӯшад ба ҳар оташузоре дидаи ошиқ,
Ба ҷӯш орад магар хуршеди оламтоб дарёро.
Намонад бар дили раҳмат ғубори ҷурми мо, Соиб,
Ба ранги худ барорад як нафас гирдоб дарёро.