Орзу чанд ба ҳар сӯ кашонад моро,
Орзу чанд ба ҳар сӯ кашонад моро,
Ин саги ҳарзамараз чанд давонад моро.
Нахли моро самаре нест ба ҷуз гарди малол,
Тӯъмаи хок шавад, ҳар кӣ фишонад моро.
Мо, ки дар ҳар буни кӯҳ кӯҳд гароне дорем,
Ҳеҷ селоб ба дарё нарасонад моро.
Бар сари донаи мо сояи абре нафитод,
Зӯри ғайрат магар аз хок дамонад моро.
Ишқ моро зи дилу дину хирад дур андохт,
То ба он қофила дигар кӣ расонад моро.
Номаи мост ниҳонхонаи асрори азал,
Зулм бар хеш кунад, ҳар кӣ бихонад моро.
Дар ниҳоли қади ин ҷилвафурӯшони маҷоз
Ҷилвае нест, ки бар хок кашонад моро.
Нашуд аз нохуни тадбир кушоде, Соиб,
То ки з-ин уқдаи мушкил бираҳонад моро.