Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Чӣ нисбат аст ба гарданкашӣ мадороро,

Чӣ нисбат аст ба гарданкашӣ мадороро, Қадаҳхӯрон ба гардан ниҳода миноро. Зи нақши пойи ғизолони дашт битвон ёфт, Ба бӯйи мушк пайи он ғизоли раъноро. Ба як гувоҳ, либосе, ки моҳи Миср овард, Сиёҳ кард рухи даъвии Зулайхоро. Чунон ки равшании хона аст аз равзан, Ба қадри доғ бувад нури файз дилҳоро. Зи ман мапурс, ки дар дил чӣ орзу дорӣ, Ки сӯхт ишқ рагу решаи таманноро. Инони сели сабукрав ба даст худро нест, Чӣ интизом тавон дод кори дунёро. Зи ҳамраҳони гаронҷон бибур, ки сӯзан дӯхт Ба домани фалаки чорумин Масеҳоро. Гирифт бар ивази оби талх гавҳари ноб, Чӣ миннат аст ба абри баҳор дарёро. Зи нукта ҳарфшиносон китобдон шудаанд, Ба чашми кам манигар нуктаи сувейдоро. Ба мунтаҳои матолиб расидан осон аст, Агар шумурда тавонӣ гузоштани поро. Агарчи гиряи ман кӯҳро биёбон кард, Намуда кӯҳи ғамам кӯҳсор дарёро. Ҷавоби он ғазали Мавлавист ин, Соиб, Ки чашмбанд кунад сеҳрҳои биноиро.