Матоб аз куштани мо, эй ғизоли шӯх, гарданро,
Матоб аз куштани мо, эй ғизоли шӯх, гарданро,
Ки хуни ошиқон бошад шафақ ин субҳи равшанро.
Ниҳодӣ чун қадам дар роҳ, аз дилбастагӣ бигзар,
Ки мегардад гиреҳ дар ришта санги роҳ сӯзанро.
Маро аз софии ботин зи худ донанд ҳар қавме,
Ки ҳар зарфе ба ранги худ барорад оби равшанро.
Бияфшон донаи эҳсон, зи барқи фитна эмин шав,
Ки ҷуз нақши пайи мӯрoн ҳисоре нест хирманро.
Ба зӯри ишқ з-ин зиндони зулмонӣ тавон растан,
Кӣ ҷуз Рустам бурун меоварад аз чоҳ Бежанро?
Намегардад ҳарифи нафси саркаш ақли дарёдил,
Чӣ гуна зердасти хеш созад об равғанро?
Ба душман мегурезам аз нифоқи дӯстон, Соиб,
Ки кори по гуворо кард бар ман захми сӯзанро.