Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Ба васли ӯ нарасидам зи муфлисӣ, Соиб,

Ғами ҳисоб надорам зи майпарастиҳо, Ки нест қобили таъбир хоби мастиҳо. Ба қадри он чӣ шавӣ паст, сарбаланд шавӣ, Гирифтаем иёри баланду пастиҳо. Насими ҷозибае пеши роҳи мо бифирист, Ки гашт садди раҳи мо ғубори хастиҳо. Кӣ мекунад сари зулфи ҳавоси моро ҷамъ, Ба ғайри беҳудии шӯху хоби мастиҳо. Ба васли ӯ нарасидам зи муфлисӣ, Соиб, Сиёҳ дар ду ҷаҳон рӯи тангдастиҳо.