Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Сари ҳамсуҳбатии Хизр надорам, Соиб,

Аз гулистон нашавад ғунчаи дил боз маро, Панҷаи шер бувад чанғали шаҳбоз маро. Метавон нола шунид аз кафи хокистари ман, Нашавад сӯхтагӣ сурмаи овоз маро. Заҳмати оинаи ман мадеҳ, эй равшангар, Дил сиёҳ мешавад аз миннати пардоз маро. Дафтари болу параш тӯъмаи микроз шавад, Ҳар кӣ афканд сари риштаи парвоз маро. Сари ҳамсуҳбатии Хизр надорам, Соиб, Медиҳад умри абад килки сухансоз маро.