Шукӯҳи Каъба бошад дар назар камтар Ҳиҷозиро.
Зи асрори ҳақиқат баҳравар кун ишқбозиро,
Ба тифлӣ вогузор ин абҷади ишқи маҷозиро.
Ба истиғнои Маҷнун ҳусни Лайлӣ барнамеояд,
Ки нози нозанинон аст дар сар бениёзиро.
Хумори дурднӯшонро майи нософ мебояд,
Тавон дар хоксоӣ ёфт завқи хокбозиро.
Агар дорӣ дили поке, даро дар ҳалқаи мастон,
Ки ин ҷо обрӯе нест домони намозиро.
Ба чашми даврагардон ҷилваи дигар кунад манзил,
Шукӯҳи Каъба бошад дар назар камтар Ҳиҷозиро.
Ба сад афсонаҳо умри абад кӯтоҳ намегардад,
Магар аз зулфи ӯ дорад шаби ҳиҷрон дарозиро.
Гули рӯйи бутон аз оҳи ман шуд оташин, Соиб,
Зи ман дорад насими субҳ ин гулшантирозиро.