Соқии маҳҷуб мебояд шароби ишқро,
Соқии маҳҷуб мебояд шароби ишқро,
Оташи ҳамвор мебояд кабоби ишқро.
Дар ҳарими мо надорад шамъи бефонус роҳ,
Шоҳиди бепарда месӯзад ҳиҷоби ишқро.
Оламеро оҳи дардолуди ман девона кард,
Ҳеҷ кофар нашнавад бӯйи кабоби ишқро.
Тешаe дар кори мастӣ мекунам чун Кӯҳкан,
Чанд дорам дар паси кӯҳ офтоби ишқро.
Ҳар киро дар мағз печидаст бӯйи ақли хом,
Мешиносад андаке қадри гулоби ишқро.
Аз каманди риштаи умри абад сар мекашид,
Хизр агар меёфт қадри печутоби ишқро.
Ҳар касеро ҳаст, Соиб, қиблагоҳе дар ҷаҳон,
Баргузидам аз ду олам ман ҷаноби ишқро.