Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Ҷамоли шоҳидони ғайбро бепарда мебинӣ,

Чунонам паҳн шуд, сабр аз мани шайдо чӣ меҷӯйӣ? Инондорӣ зи ман дар домани саҳро чӣ меҷӯйӣ? Кафи хокистари ман сурмаи чашми ғизолон шуд, Дигар з-ин мушти хор, эй барқи бепарво, чӣ меҷӯйӣ? Намеоям ба кори сӯхтан, инсоф агар бошад, Зи нахли бебари ман, эй чаманпиро, чӣ меҷӯйӣ? На динам монду на дунё, на сабрам монду на ёро, Намедонам, ки дигар аз мани расво чӣ меҷӯйӣ? Шумори доғҳои синаи моро кӣ медонад, Аз ин дарёи пуроташ нишони мо чӣ меҷӯйӣ? Зи санги кӯдакон дорӣ ба каф маншури озодӣ, Дигар аз навбаҳор, эй сарв, бо раъно чӣ меҷӯйӣ? Ба нури шамъ ҳоҷат нест, чун хуршед толеъ шуд, Дили бино чу дорӣ, дидаи бино чӣ меҷӯйӣ? Мусаххар кардаӣ болобаландони маъниро, Дигар, эй шӯхчашм, аз олами боло чӣ меҷӯйӣ? Ҷамоли шоҳидони ғайбро бепарда мебинӣ, Дигар, Соиб, аз он равшангари дилҳо чӣ меҷӯйӣ?