Ба шукри он ки дорӣ шишаҳои бодаи ваҳдат,
Ҳиҷоби шармро аз пеши ҷом бардор, эй соқӣ,
Маро магзор зери ин кӯҳандевор, эй соқӣ.
Майи ангурие танҳо маро аз по наяндозад,
Саросар боғро дар якдигар афшор, эй соқӣ.
Ба тангам дар вуҷуди худ, сарое орзу дорам,
Ки зӯри ӯ шикофад шишаро чун мор, эй соқӣ.
Бараҳнарӯй мехоҳам бубинам духтари разро,
Ҳиҷоби шишаву паймонаро бардор, эй соқӣ.
Ба як ратли гарон бардор бори ҳастӣ аз дӯшам,
Мани афтодаро магзор зери бор, эй соқӣ.
Зи инсофу мурувват нест дар аҳди ту равшангар,
Занад оинаи ман ғута дар зангор, эй соқӣ.
Ба роҳе меравад ҳар мор аз зулфи ҳавоси ман,
Маро аз мавҷи май шероза кун зинҳор, эй соқӣ.
Чаро аз ғайрати мазҳаб бувад кам иззати машраб,
Маро дар ҳалқаи аҳди риё магзор, эй соқӣ.
Ба шукри он ки дорӣ шишаҳои бодаи ваҳдат,
Ба ҳоли хеш Соибро чунон магзор, эй соқӣ.