Маҳмили шавқ куҷо, Каъбаи уммед куҷо?
Маҳмили шавқ куҷо, Каъбаи уммед куҷо?
Шабнами ташна куҷо, чашмаи хуршед куҷо?
Зарфи наззораи хуршед надорад шабнам,
Рутбаи ҳусн куҷо, ҳавасалаи дид куҷо?
Дасти кӯтоҳи ману тардани ӯ, ҳайҳот аст,
Боли хаффош куҷо, тораки хуршед куҷо?
Сояе дошт, ки сармояи осоиш буд,
Ҳосили умри тиҳидасти ману бед куҷо?
Оламе чашм ба роҳи нигаҳи гарми туанд,
Ба куҷо меравӣ, эй хубии уммед, куҷо?
Бӯре мавҷи шакар мезанад аз ширинӣ,
Гул ба сомони лаби лаъли ту хандид куҷо?
Оби пайкон зи дил омад сӯи чашмам, Соиб,
Охир ин чашмаи сарбаста таровид куҷо?