Аз хуни ҷигар ранг пазирад сухани мо,
Аз хуни ҷигар ранг пазирад сухани мо,
Баргест хазондида Суҳайл аз Ямани мо.
Муҳтоҷ ба шамъи маҳу хуршед набошад
Чун синаи огоҳдилон анҷумани мо.
Аз суҳбати мо файз тавон бурд ба доман,
Зулфи шаби Қадр аст дили пуршикани мо.
Чун най лаби баста саропой забонем,
Дар зоҳир агар нест забон дар даҳани мо.
Аз гавҳари мо гарчи хӯрад чашми ҷаҳон об,
Аз гарди ятимист ҳамон пироҳани мо.
Аз банди либосем дар ин баҳр сабукбор,
Пироҳани мо ҳамчу ҳубоб аст тани мо.
З-он хушсуханонем дар ин базм, ки бошад
Аз болу пари хеш чу тӯтӣ чамани мо.
Дар зиндагӣ азбаски ба талхӣ гузаронем,
Аз заҳри фано талх нагардад даҳани мо.
Соиб, агар аз мӯйшикофони ҷаҳонӣ,
Ғофил машав аз хомаи нозуксухани мо.