Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Худовандо, дари тавфиқ бикшой,

Худовандо, дари тавфиқ бикшой, Низомиро раҳи таҳқиқ бинмой. Диле деҳ, к-ӯ яқинатро бишояд, Забоне, к-офаринатро сарояд. Мадеҳ нохубро бар хотирам роҳ, Бидор аз нописандам даст кӯтоҳ. Дарунамро ба нури худ барафрӯз, Забонамро санои худ даромӯз. Ба довудӣ диламро тоза гардон, Забурамро баландовоза гардон.