Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Бар он банда Ҳақ некуӣ хостаст

Бар он банда Ҳақ некуӣ хостаст, Ки бо ӯ, дилу дасти зан рост аст. Зи бегонагон чашми зан кӯр бод, Чу берун шуд аз хона, дар гӯр бод! Гурез аз кафаш дар даҳони наҳанг, Ки мурдан беҳ аз зиндагонӣ ба нанг. Занеро, ки ҷаҳл асту норостӣ, Бало бар сари худ, на зан хостӣ. Касеро, ки бинӣ гирифтори зан, Макун, Саъдиё, таъна бар вай мазан.