Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро

Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро, Зина гардад мардуми пурдард, ҳам бедардро Нардбон боло барад... аммо на ҳар кас дар ҷаҳон, Меравад болою мегардад яке худ нардбон. Нардбон боло барад... аммо на ҳар кас дар ҷаҳон Меравад болою мегирад зи дасти дигарон. Офарин бодо, ба он марде, ки аз сидқу вафо Нардбони рӯзи фардо мешавад аз баҳри мо. Офарин бодо, ба он пири сухан, ки кӯр шуд, Лек аз хуршеди назмаш базми мо пурнур шуд. Офарин бодо, ба Восеъ, к - аз сари мардонагӣ, Ларза дарафканд бар буньёди зулму бандагӣ. Офарин бодо, ба оне, ки ба «Марши ҳуррият» , Қисмати моро ба Октябру Ленин пайваст кард. Офарин бодо, ба Туйчӣ : даргузашт аз ҷони хеш, Рӯзи майдон ҷон ато бинмуд бар ёрони хеш ... Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро, Зина гардад мардуми пурдард, ҳам бедардро. Лек дар тафсири мардӣ, имтиҳони зиндагист. «Аз сари олам гузаштан кори ҳар номард нест!»