Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Нимо Юшиҷ
Нимо Юшиҷ

Кош то дил мегирифту мешикаст

Кош то дил мегирифту мешикаст, Дӯст меомад, канораш менишаст! Кош мешуд рӯи ҳар рангинкамон Менавиштам, Меҳрубон бо ман бимон! Кош мешуд қалбҳо обод буд, Кинаву ғамҳо ба дасти бод буд. Кош мешуд дил фаромӯшӣ надошт, Нам нами борон ҳамоғӯшӣ надошт. Кош мешуд кошҳои зиндагӣ, То шавад дар пушти қоби зиндагӣ. Кош мешуд кошҳо меҳмон шаванд, Дар миёни ғуссаҳо пинҳон шаванд. Кош мешуд осмон ғамгин набуд, Дар пойи кинаҳо рангин набуд... Кош мешуд зиндагӣ такрор дошт... Лоақал такрорро якбор дошт... Соатам баръакс мечархиду ман, Бар танам мешуд гушод ин пираҳан... Он дабистон, кӯдакӣ, сармашқи об... Пои модар ҳам бароям ҷои хоб... Худ бурун мекардам аз дилвопасӣ, Дил намедодам ба дасти ҳар касе... Умру ҳастӣ, хубу бад бисёр нест, Ҳайф ҳаргиз қобили такрор нест...!