Ба ҳукми қисмат ар саргашта гардӣ
Ба ҳукми қисмат ар саргашта гардӣ,
Ба ногоҳе ба мулки кӯҳсоре,
Ту худро хеҷ гаҳ бегона машмор,
Гар ин ҷо ошное ҳам надорӣ.
Туро бинанд агар ҳамчун мусофир,
Чу шаҳрӣ чашм аз рӯят напӯшанд.
Ба мисли рӯдҳо аз синаи кӯҳ
Ба дидори ту, аз шодӣ хурӯшанд.
Нагӯянд аз куҷоӣ, кисти ту,
Туро чун ошное ҳалқа гиранд.
Ҳама, аз ҳафт то ҳафтодсола,
Ба хайри мақдамат ҳар лаҳза "миранд".
Хушомад мекунандат бе хушомад,
Ки гардӣ сери дастурхони онҳо.
Набофӣ то ба номи шавкати кӯҳ
Зи баъди рафтани худ бӯҳтонҳо.
Агар аз ҷой хези баҳри ҳурмат,
Ҳама ду даст пеши бар бихезанд.
Нишинӣ, баъди ту бар чорзону
Нишинанд аз бароят чой резанд.
Туро бо дасти пеши бар гирифта
Гуселонанд то домони кӯҳсор.
Раҳи хайру ҳавои соф хоҳанд,
Нагирад доманат то гарди озор!
Сипас гарданд розию сарафроз
Ба мисли қуллаҳои кӯҳсорон,
Ки ҳамчун панди аҷдодони номӣ
Ба ҷо оранд шаъни раҳгузорон!