Тоҷикистон тӯй дорад, дӯстонро интизор
Тоҷикистон тӯй дорад, дӯстонро интизор,
Бӯстон себаргаву оби равонро интизор!
Кӯҳҳо дар посгоҳи эҳтиром истодаанд,
Сафкашида мизбонон меҳмонро интизор!
Ахтари ҳар тоҷике дар дидаи рахшони ӯст,
Аз баландии саодат осмонро интизор!
Рӯдҳо дар кӯҳсорон орзу мепарваранд,
Ҳиммати беминнати баҳри дамонро интизор!
Нолаҳои обшорон бастаи мизроби кист?
Ошиқи бедил вафои дилситонро интизор!
Зулфи печони бутон чун нуктаи сарбастае,
Нуктафаҳму нуктасанҷу нуктадонро интизор!
Қуллаҳо бардошта Хуршедро чун доира,
Тоҷикистон тӯй дорад дӯстонро интизор!