Ватан
Баҳр рӯзону шабон ҳеч нагирад ором,
Магар аз неку бади даҳр сухан мегӯяд?!
Дили ман болзанон дар лаби дарёи дамон
Гашта баргашта ба такрор Ватан мегӯяд.
Боз ёди Ватан аз домани ман доштааст,
Ёди он ҷо, ки ба ҳам омадааст обу гилам.
Ёди кӯҳе ки бувад шаҳсутуни боми само,
Ёди деҳе ки бувад дар бағалаш мисли дилам.
Ёди он рӯд, ки шуд баччагиям дар бари он
Мавҷро зин задаву бар сари он тохтанам,
«Гузари умр надида ба лаби оби равон»
Бо ҳавас хона барандохтану сохтанам.
Ёди он гӯша кунам, ки ба дили хоки баланд
Рафта дар хоби биҳиштӣ падару модари ман.
Аз дари боғи падар то ба сари гӯри падар
Роҳи нав бозшуда аз қадами хоҳари ман.
Ёди саҳрои кабудҷомаи зархез кунам,
Ки ба нирӯи кафи даст диҳад ганҷи сафед.
Пири деҳқон ба сари пахта чу хуршед ба абр
Нигарад ҷониби ҳар қитъа ба чашмони умед.
Ёди дарёи Душанбе, ғазали кӯҳнаву нав,
Ки ба ҳар гӯша равам, замзамаи роҳи ман аст.
Ҳар қадар оби зулолаш бихурам, ташнатарам,
Магар он шохаи дарёи азими Ватан аст?!
Магар аз соҳили гулрезу сафопарвари он
Мани пазмони Ватан, нақди Ватан ёфтаам,
Зи сари мавҷи парешону ба ҳам печонаш
Сару сариштаи печони сухан ёфтаам?!
Ё Ватан ёфтаам ман зи мазори падарам.
Ки ба ҳар ҷо, ки равам, дур нашуд аз назарам?!
Ё сари зонуи модар Ватани асли ман аст,
Ки хумораш наравад, ҳеҷ замоне зи сарам?!
Тоҷикистон, ҳама ҷо оинаи дасти манӣ,
Ҳама ҷо акси ту дар дидаи ман ҷилвагар аст,
Моҳ яктост, вале моҳи ту зебост маро,
Шамс яктост, вале шамси ту пурнуртар аст.
Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,
Фориғӣ дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст.