Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост

👁 47

Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост, Бар ҳукми худо маломати халқ чарост? В-ар неку бадӣ банда ба тақдири худост, Пас рӯзи пасин ҳисоб бар банда чарост.

Умари Хайём
Умари Хайём

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ

👁 31

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ, Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ. В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун, Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.

Умари Хайём
Умари Хайём

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд

👁 69

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз, Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Умари Хайём
Умари Хайём

Саг бурдаи нон бинаду дум ҷунбонад

👁 41

Саг бурдаи нон бинаду дум ҷунбонад, Пайдост аз он, ки қадри нон медонад. Бар оқипадар ҳазор кардам некӣ, Як неки куҷост дуои бад мехонад.

Ш
Шоири номаълум

Замона панде озодвор дод маро

👁 136

Замона панде озодвор дод маро, Замонаро чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст. Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор, Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сирри Қуръон, Қуръон некӯ донад

👁 45

Сирри Қуръон, Қуръон некӯ донад, З-ӯ шунав з-он, ки худ ҳам ӯ донад... Кас бинашнохт ҷуз падидаи ҷон, Ҳарфпаймойро зи Қуръон хон.

Саноии Ғазнавӣ
Саноии Ғазнавӣ

Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад

👁 78

Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад, Як бад накунад, то ба сараш сад нарасад. Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман, Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.

Умари Хайём
Умари Хайём

Одамиро одамият лозим аст

👁 113

Одамиро одамият лозим аст, Удро гар бӯй набошад, ҳезум аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ду дил як шавад, бишканад кӯҳро

👁 36

Ду дил як шавад, бишканад кӯҳро, Парокандагӣ орад андӯҳро.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Биёмӯз, гарчанд душворат ояд

👁 43

Биёмӯз, гарчанд душворат ояд, Ки душвор аз омӯхтан гашт осон.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ғофил манишин, на вақти бозист

👁 237

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ. В-акнун ки ба чордаҳ расидӣ, Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Бишнав сухани маро, ки панд аст

👁 48

Бишнав сухани маро, ки панд аст, Панди падар аст, судманд аст. Илме, ки дар он амал набошад, Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Илм чу донӣ, зи амал cap мапеч

👁 44

Илм чу донӣ, зи амал cap мапеч, Дониши бекор наарзад ба ҳеҷ.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 506

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм

👁 84

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.

Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад

👁 147

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чаҳор чиз

👁 199

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад: Тани дурусту хуи неку номи неку хирад. Ҳар он кӣ Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Модари май

👁 377

Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ёрӣ андар кас намебинем

👁 176

Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд? Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд? Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост? Хун чакад аз шохи гул, абри баҳ

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Беҳтарин дин

👁 180

Аз падар пурсид рӯзе як писар, Беҳтарин динҳо кадом аст эй падар? Гуфт ман бо "дин" надорам ҳеҷ кор, Пеши ман динҳо надоранд эътибор.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ

👁 299

Аз ин ҷаҳони бебақо, хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ. Аз байни хешу ақрабо , хоҳӣ нахоҳӣ меравӣ. Суде надорад симу зар, аз роҳи Шайтон кун ҳазар, Шаҳзода бошӣ ҳам агар, хоҳӣ

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Панди ҳаёт

👁 34

Ҷаҳон хонаи имтиҳону гузар аст, Ҳар он кас, ки доно бувад, пурҳунар аст. Ба некӣ бизӣ, то ба некӣ равӣ, Ки аз номи нек аст ҷовидгарӣ.

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам

👁 326

Ин чӣ шӯрест,ки дар даври Қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. Ҳар касе рӯзи беҳе металабад аз айём Иллат он аст, ки ҳар рӯз бадтар мебинам.

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст

👁 54

Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст, Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст. Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл, Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!

Умари Хайём
Умари Хайём

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем

👁 214

Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем, В-ин якдама умрро ғанимат шумарем. Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем, Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.

Умари Хайём
Умари Хайём
Саҳифаи 7 аз 8