Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Дар ин дунё агар танҳо барои хеш мезистам

Дар ин дунё агар танҳо барои хеш мезистам Ва аз неку бади он мегузаштам чашм пӯшида. Зи рӯи хор не, аз рӯи сабза роҳ мерафтам, Ба ҷои оби сарди ҷӯй шири гарм нӯшида, Аҷаб не, умри ман чун арча доим сабзу хуррам буд. Агар дар рӯзи шодӣ ёди рӯзи ғам намекардам, Барои мурдаи бегона ҳам мотам намекардам, Фақат имрӯз мегуфтам, ғами фардо намехӯрдам. Таноби умри худ бо сӯхтан кӯтаҳ намекардам, Аҷаб не, умри ман чун арча доим сабзу хуррам буд. Ҳазар дорам ман аз умри дарози бесамар, ёрон, Ҳазар аз одами бедарду айшу нӯши безаҳмат. Ҳазар аз он ки дашти ташналаб дар ҳасрати об аст, Вале ӯ дар паноҳи шаҳчаноре мекунад роҳат, Чӣ суд аз омаду аз рафтани ин фарди беҳимат! Чӣ суд аз машъале, ки гирди худро мекунад равшан, Чӣ суд аз хандае, ки хира созад табъи инсонро, Чӣ суд аз чашмҳои дилбару зебои луъбатҳо, Чӣ суд аз зиндае, ки мурдааст андар дили ёрон? В-аз он бахте, ки нимашро надодастӣ ба бадбахтон? Ҳама хобанду ман бо дидаи бедор биншинам, Намеҷӯям валекин бахтро аз гардиши гардун. Парастам ман сари пасти туро, эй хӯшаи гандум. Бимон, кӯтоҳ гардад умри ман чун шамъ аз сӯзиш, Ба умеде, ки монам зинда андар хотири мардум! ...