Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулрухсор Сафиева
Гулрухсор Сафиева

Эй зи ҳама набудаҳо, будаи бебақои ман

Эй зи ҳама набудаҳо, будаи бебақои ман, Эй зи ҳама нарафтаҳо, рафтаи бебаҳои ман, Шиҳа намекашад дигар Рахши дилам барои ту, Шӯъла намедамад дигар аз нафаси ҳавои ман. Барқ намезанад маро аз шарари нигоҳи ту, Раъд наметапад дигар дар садафи садои ман. Нағма будам, захма будам, навҳа будам барои ту, Нур будӣ, сур будӣ, сура будӣ барои ман. Ишқи ту буд баҳри ман он чӣ надошт ҳич кас, Ишқи ту ҳаст, войи ман, ҷоизаву ҷазои ман. Аз ҳама буда ҳеч монд, ҳарзаи ларзапеч монд, Нози набуда будан аст гиряи хандаҳои ман. Ёди маро намоз кун, умри маро дароз кун, Мурдани ишқ саҳл нест, сода мабин азои ман. Дидани ту барои ман дидани шамс буд, лек, Дида набинамат дигар «Шамси ману худои ман!»