Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саноии Ғазнавӣ
Саноии Ғазнавӣ

Сирри Қуръон, Қуръон некӯ донад

Сирри Қуръон, Қуръон некӯ донад, З-ӯ шунав з-он, ки худ ҳам ӯ донад... Кас бинашнохт ҷуз падидаи ҷон, Ҳарфпаймойро зи Қуръон хон. Ман нагӯям агарчи Усмонӣ, Ки ту Қуръон ҳама накӯ донӣ. Ҳаст дунё мисоли тобистон, Халқ дар вай ба сони сармастон. Дар биёбони ғафлатанд ҳама, Марг ҳамчун шубону, халқ рама. Андарин бодияи ҳавову ҳавон, Реги гарм аст ҳамчу оби равон. Ҳаст Қуръон чу оби сарди фурот, Ту чу осии ташна дар арасот. Ҳарфу Қуръон ту зарфу об шумар, Об мехӯр ба зарф дар мангар.