Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саноии Ғазнавӣ
Саноии Ғазнавӣ

Барги бебаргӣ надорӣ, лофи дарвешӣ мазан

Барги бебаргӣ надорӣ, лофи дарвешӣ мазан, Рух чу айёрон надорӣ, ҷон чу номардон макан. Ё бирав, ҳамчун занон рангеву бӯе пеш гир, Ё чу мардон андар ою гӯй дар майдон фикан. Ҳар чи бинӣ ҷуз ҳаво, он дин бувад, бар ҷон нишон, Ҳар чи ёбӣ ҷуз Худо, он бут бувад, дарҳам шикан. Чун дилу ҷон зери поят натъ шуд, пое бикӯб, Чун ду кавн андар ду дастат ҷамъ шуд, дасте бизан. Сар барор аз гулшани таҳқиқ, то дар кӯйи дин Куштагони зинда бинӣ анҷуман дар анҷуман. Дар яке саф куштагон бинӣ ба теғе чун Ҳусайн, Дар дигар саф хастагон бинӣ ба заҳре чун Ҳасан. Дарди дин худ булъаҷаб дардест, к-андар вай чу шамъ Чун шавӣ бемор, беҳтар гардӣ аз гардан задан. Андар ин майдон, ки худро медарандозад ҷуҳуд В-андар ин маҷлис, ки танро мебисӯзад барҳаман. Ин-т беҳиммат шагарфе, к-ӯ бурун н-ояд зи ҷон В-он-т бедавлат саворе, к-ӯ бурун н-ояд зи тан. Ҳар хасе аз ранги гуфторе бад-ин раҳ кай расад? Дард бояд умрсӯзу мард бояд гомзан. Солҳо бояд ки то як санги аслӣ з-офтоб Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман. Моҳҳо бояд ки то як пунбадона з-обу хок Шоҳидеро ҳулла гардад ё шаҳидеро кафан. Рӯзҳо бояд ки то як мушти пашм аз пушти меш Зоҳидеро хирқа гардад ё ҳимореро расан. Умрҳо бояд ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ Олиме гардад накӯ ё шоире ширинсухан. Қарнҳо бояд ки то аз пушти одам нутфае Булвафои Курд гардад ё шавад Вайси Қаран. Чанг дар фитроки соҳибдавлате зан, то магар Бартар оӣ з-ин сиришти гавҳару сарфи заман. Рӯй бинмоянд шоҳони шариат мар туро, Чун арӯсони табиат рахт банданд аз бадан. То ту дар банди ҳавоӣ, аз зару зан чора нест, Ошиқе шав, то ҳам аз зар фориғ оӣ, ҳам зи зан. Нафси ту ҷӯёи куфр асту хирад ҷӯёи дин, Гар бақо хоҳӣ, ба дин ой, ар фано хоҳӣ, ба тан.