Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад
Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад,
Ҳайфи он шоме, ки дар талвосаи ҷон бигзарад.
Сайри кайҳон карда кайҳо дигарон, бозомаданд,
Он мабодо, ҳасрати мо ҳам зи кайҳон бигзарад.
Ғунча ҳар субҳе бигӯяд сурхрӯву сарбаланд:
Файзи бедорӣ, аё эй сахтхобон, бигзарад.
Пеши беморони даврон гӯ, ки он соат мабод,
То табиб аз ҷо бихезад, вақти дармон бигзарад.
Ғаррагонро гӯ ба худ бошанд, к-ин даври замон
Бар касон бигзашт, ҳам акнун бар эшон бигзарад.
Бо либоси хештан чандин мабол, эй ҷони ман,
Одамӣ ояд ба даҳр урёну урён бигзарад.
Ҳаҷр ҷонкандан бувад, гар ёр матлуби дил аст,
Марг мушкилтар шавад, гар умр осон бигзарад.
Ҳайфи он меҳмон, ки бо паймона паймонҳо кунад,
Чун хумораш даррасад, аз иззати хон бигзарад.
Ташнаро як коса об аз ҳавзи Кавсар бартар аст,
Қимати зар дар дукон аз арзиши кон бигзарад.
Ҷумла мавҷуде, ки инсон ояд аз модар нахуст,
Баъди гирудори умр, эй кош, инсон бигзарад.