Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низом Қосим
Низом Қосим

Кафили барқамон гар нохалаф буд

Кафили барқамон гар нохалаф буд, Сазовору вафодори салаф буд; Насиби ҷайби ӯ симу зари барқ, Насиби барқи мо умре талаф буд! Ватан, дуздони қарқатро занад барқ, Ба барқу зарқ ғарқатро занад барқ, Ту бебарқиву барқатро бидузданд? – Илоҳӣ, дузди барқатро занад барқ!