Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам
Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам,
Беҳуда чу корест, раҳи бод нагирам.
Чун бод давон бигзарам аз бодияи умр,
Чизе зи ҷаҳон дар дилу дар ёд нагирам.
Донам, ки диле додталаб доштаму бас,
Бо додаи Яздон раҳи бедод нагирам.
Ҷӯяд чу дилам ишқи пуровозаи Ширин,
Ман пеша ҷуз аз тешаи Фарҳод нагирам.
Сад гуфтани якрову яке гуфтани садро
Сад ёд диҳандам, бахудо, ёд нагирам!
Гарде ба дилу хотири ман роҳ наёбад,
Гарде ба ҷуз аз домани устод нагирам!