Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низом Қосим
Низом Қосим

Зи хидмат бар ҳама кас ор кардам

Зи хидмат бар ҳама кас ор кардам, Ҳамеша хидмати ашъор кардам. Нахуфтам эй басо, аз ҳарфи рӯшан Шабонро субҳи пуранвор кардам. Худо шоҳид, ки умре дидам озор, Вале андешаи осор кардам. На бар дӯши касе ман бор гаштам, На фикри хеш бар кас бор кардам. Маро тадбир бо тақдир ин буд, Ки нодаркорро даркор кардам. Маро ҳарчанд дунё кард афгор, Ҷаҳонро ман пур аз афкор кардам!