Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ф
Фариди Сомғорӣ

Зебоиро на сафеду пусти сиёҳ бошад

Зебоиро на сафеду пусти сиёҳ бошад, Зебоиро адаб чу хулқи Мустафо бошад. Кафан сафед бувад, вале-к даҳшат, Магар Каъба сияҳ нест, ки хушсурат. Гар мардонагӣ бувад садои баланд, Пас сагони ваҳш шаҳи мардонанд. Вар пешрафти занон бошад зиннот, Пас ҳамдунон муваффақанд дар коинот. Бингар, ки қолини зебоандому ранго, Бо чунин хушнамо, афтода зери по. Худойро бошад назар бар рафтору қалб, Ба кай аст манзалат ганҷдору мансаб? Неказм маслиҳат бишнав зи Фарид, В-ар нашнавӣ ояд пушаймонӣ падид. Ҳусни хулқи нек мебояд кунӣ пеша, К-ошиқи ҷумла ҷаҳон бошӣ ҳамеша.