Се ҷиноятест бузург ба қавли Мустафо
Се ҷиноятест бузург ба қавли Мустафо,
Ширку буҳтонзан, ноикромӣ бар волидин.
Ситампешагонро ваидест дар рузи ҳисоб,
Мадеҳ қарор, Раббано, бо қавми золимин.
Дар манзалат воло зи ҳуриёни боғ он зан,
Ки дорадаш бо шуй хушху сухан ангубин.
Бошад хатофаҳм гунаҳолуда насли одамӣ,
Айбдори тавбакор Расул хондаш беҳтарин.
Гуҳар дон дами хеш чу арзонӣ дод Худой,
Набувад, ки гуӣ: лам наку минал мусаллин.
Ногузир асту муриш ҳуш ба ҷо дорӣ, Фарид,
Дур макун ар-Раҳимо аз дамам дини мубин.