Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аминҷон Шукӯҳӣ
Аминҷон Шукӯҳӣ

Мо толиби сулҳем

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем, Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем, Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем, Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем. Моро Ватану модару ҷонона азиз аст, Меҳри дилу ободии ҳар хона азиз аст, Осудагию кори далерона азиз аст, Ҳар як қадами худ ба ҳамин азм гузорем. Сулҳ аст чунон қалъаи пурқудрати маҳкам, Маҳкам бикунад боз варо халқ дамодам, Ҳар кас, ки бихоҳад шарафи одаму олам, Ӯ ҳамраҳи мо бошаду ҳамфикру қарорем. То ҳифз намоем ҳама пиру ҷавонро, То дур кунем аз ҳама ҷо офати ҷонро, Хунмаст ҷанобони ҷаҳонсӯзи ҷаҳонро Бо тантана бар суди адолат бисупорем.