Шеърҳо бо теги: сулҳ
Шеърҳои марбут ба теги «сулҳ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Тоҷикем мо
Рӯдакиро кӯр кардан, бас набуд, Бӯ Алиро пӯст кардан, бас набуд. Пушти Айнӣ гашта чун мори сиёҳ, Навбатӣ мо мерасад? Эй рӯсиёҳ!
Сухан аз истиқлол
Сухан аз истиқлол сухан аз бедорист, Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст, Ҳамчу абре ба сари хушкии он рехтан аст, Сухан аз истиқлол сухан аз озодист.
Суруди ватан
Гуфтам: “Ватан”, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт, Гуфтам: “Ватан”, чу гул ба лабонам сухан шукуфт. Гуфтам: “Ватан, Ватан”, ҳама дашту даман шукуфт, Уммеди ман,
ИСТИҚЛОЛИ МО
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем, Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем. Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем, Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зисте
Сулҳ
Хонаи умеди дунё кишварам, Кишвари паҳновару бахтоварам, З-ин саодат сар ба гардунҳо барам, Ҳофизи озодии баҳру барам.
Сулҳ
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад, Равнақу шодию барор оварад. Сулҳ бувад шаршараи ҷӯйи об, Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
Мо толиби сулҳем
Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем, Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем, Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем, Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.
СУРУДИ СУЛҲ
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил, Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил, То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон, Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон,
БА ПОСБОНИ ГАНҶИНАҲО
Солҳо хобидаӣ, эй кӯҳсори тоҷикон, Бар дари ганҷинаҳо чун посбони безабон. Бар сарат ногоҳ пар мезад агар паррандае, Аз дамат месӯхтӣ болу параш дар осмон.
СУРУДИ СУЛҲ
Ошиқо, дар паҳлуи ҷонона биншин тангтар, Гӯш бар созу ба оҳанги рубоб андохта. Месарояд дил, дили саршори меҳри дӯстӣ, То нагардад ҳеҷ гоҳе хам сари афрохта.