Тоҷикем мо
Рӯдакиро кӯр кардан, бас набуд,
Бӯ Алиро пӯст кардан, бас набуд.
Пушти Айнӣ гашта чун мори сиёҳ,
Навбатӣ мо мерасад? Эй рӯсиёҳ!
Гашта оламро зи нав, пайдо шавад,
Рӯдакиву, Ибни Синову, Хайём...
Сад ҳазорон соли дигар зиндаем,
Тоҷикем мо, тоҷ бар сар мондаем!
Суғдию, Хатлону, Бадахшонием,
Балхию, Кобуливу Панҷшерием.
Аз Бухоро то Самарқандӣ қадим,
Мо ҳама насли Оли Сомонием!
Хоки мо зар, кӯҳи мо,қасри баланд,
Номи мо то ҳашр мемонад баланд.
Сад ҳазорон соли дигар зиндаем,
Тоҷикем мо, тоҷ бар сар мондаем.