СУРУДИ СУЛҲ
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил,
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон,
Дӯстони сулҳро то бахшад он илҳоми нав,
Минбари нав, нутқи нав,
аз фатҳи нав пайғоми нав.
Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,
Дӯст медорем онро мо ба монанди Ватан.
Обҳои кӯҳсорон сӯи саҳро мераванд,
Ҷониби хуршеди тобон донаҳо қад мекашанд,
Турнаҳо саф-саф ба иқлими баҳорон мепаранд,
Мардумони мо ҳам аз ҷон сулҳро мепарваранд!
Сулҳ – ҳамроҳ аст дар ҳар корат, эй эҷодкор,
Дар нигоҳи ошиқону дар суруди ёр-ёр.
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст;
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.
Сулҳ – дар уммеди дерини нажоди туркман,
К-ӯ биёбонро иваз созад ба боғи хештан.
Сулҳ монанди кабӯтар аз кафи милёнҳо
Дӯстони хориҷӣ парвоз дорад дар фазо.
Сулҳ бо имзои моҳо – мардумони фатҳёб
Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб!