Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

БА БАРОДАРОНИ ҚАЗОҚ

Шеърхонӣ ба рӯзҳои тӯй Расми дерин шудаст дар ҳар кӯй. Месуруданд солҳои сол Шоирон дар умеди нек-иқбол. Буд садои адибҳои кабир Гоҳ нарму латиф, гаҳ чун тир. Ба дилу ҷони халқ буд азиз Душманонро – рақиби хавфангез. Дар раҳи бахти халқу толеи кул Пир шуд оқини шумо Ҷамбул. Халқи худро даме ки дид озод, Гашт оқин ҷавону аз нав шод. Дид озод мулки ҷононро, Бахти имрӯзаи қазоқонро. Дид бо чашмҳои пир оқин Машъали аввалини рӯи замин. Шуъла зад илми нав, маорифи нав Чун шафақ рӯи қуллаи Алатав. Чун расидаст фурсати пуршон – Тӯйи сисолаи Қазоқистон. Аз шукуфта диёри тоҷикон, Водию сарбаланд кӯҳистон – Мефиристем ин таронаи хеш, Ин паёми бародаронаи хеш! Месароем дӯстиро мо, Ватани шуҳратафгани худро. Халқи эҷодкори кишварро, Байрақи Сурхи сулҳпарварро. Рӯзи ояндаи Қароқумро, Дар сари Волга тоза анҷумро. Партия, раҳбари муаззамро, Офтоби сари ҳар одамро. Шеърхонӣ ба рӯзҳои тӯй Расми дерин шудаст дар ҳар кӯй. Мо, ки гӯяндагони давронем, Шеър дар иди мамлакат хонем.