Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДУ ДАСТРӮМОЛ

Гирифтам дастрӯмоле, ки аз гул буд нозуктар, Муаттар мисли гулҳои дарахтони самаровар, Ба монанди дили софе, ки мебахшад туро дилбар, Зи дасти духтаре, к-ӯ шуд ба фарзандони ман модар – Зи дасти духтари тоҷик. Ман аз ҷон дӯсттар дорам зану фарзандҳоямро, Ба онҳо пешкаш кардам диёри пурсафоямро, Насиби меҳнати ҳаққу ҳалоли рӯзҳоямро, Намоям ҳифз фарзандони неки бовафоямро, Ба монанди зани тоҷик. Гирифтам дар Париж, дар Конгресси сулҳ ман рӯзе Чунин як дастрӯмоли сафеди пур зи гулдӯзӣ, Зи дасти духтаре, ки буд дар уммеди фирӯзӣ – Зи дасти духтари бодомчашме, ёри дилсӯзе – Зи маҳбуби вйетномӣ. Набуд ин дастрӯмол аз барои ашкрезонӣ… Ҳувайдо буд шуои зиндагӣ дар чашми хандоне, Табассум дар лабонаш буд гувоҳи фатҳи майдоне, Гувоҳи фатҳ бар хоби гароне: фатҳи ҳаққонӣ – Ба фарзанди вйетномӣ! Ба рӯи дастрӯмол орзӯи ҷовидон овард, Ливои сурх дар нақши Вйетном ӯ аён овард, Нишони санъати дасти мубориз духтарон овард, Навиде аз ҷануби дурдасти қаҳрамон овард, Ба ман ёри вйетномӣ. Қабул он ҳадяро чун ёдгори пурбаҳо кардам, Чу ёди дӯстони қаҳрамон дар сина ҷо кардам, Чу фарзанди советӣ з-ин муҳаббат фахрҳо кардам, Ки аз жандарма пинҳонӣ чӣ сон сидқу вафо кардам – Ба савғо он вйетномӣ. Рафиқони фарансузӣ, ки бо мо рӯ ба рӯ буданд, Ҳама огаҳ аз ин савғои меҳмони накӯ буданд, Ба фикри бахту иқболи мубориз халқи ӯ буданд, Ба озодии мулки хеш ҳам дар орзу буданд – Чу меҳмони вйетномӣ. Ба вақти маҷлиси ҷӯяндагони сулҳ дар Маскав – Диёри дурдастеро намудам ёд, шуд аз нав Дурахшон дастрӯмоли сафеди хурд чун партав,