МАН АЗ ШАРҚИ ОЗОД
Чаро ин қадар, дӯст, ошуфтаӣ,
Чу ҳарфи зарурии ногуфтаӣ?
Чаро мекунӣ бетаваққуф нигоҳ
Ба сӯям ту бо пурҳасад чашмҳо?
Надидӣ касе, балки, монанди ман,
Ту дар шаҳру дар кишвари хештан?
Нигоҳи ту бар ман «ҳасад» мебарад,
Хаёлат чаро ин қадар мепарад?
Нигоҳи ту ё ин ки донистанист:
Миёни ману ту- ду кас фарқ чист?
Чаро ман зафарманду ман сарбаланд?
Чаро ту ҳақиру чаро мустаманд?
Чаро аз рухи ман саодат падид?
Чаро ту дар уммеди рӯзи саид?
Чаро ман чу парранда озодбол?
Чаро бенасибӣ ту аз ин камол?
Чунинанд рамзи нигоҳат агар,
Шунав пас, ҷавобат диҳам мухтасар!
Ту ҳам мисли ман одамӣ, одамӣ,
Дар ин бора аз ман надорӣ камӣ.
Ту ҳам насли Шарқӣ, зи Шарқи азим…
Аз авлоди халқи қадимӣ, қадим!
Ба мулки ту ҳам ҳар саҳар офтоб
Барояд дурахшону олиҷаноб.
Баҳорон дар ин сарзамини ту ҳам
Ба ҳусни табиат кунад ҳусн зам.
Валекин аз ин офтобу баҳор
Нагирад дарахти умедат барор.
Аз ӯ нест суде ба заҳматкашон,
Фақат пур кунад ҷайби ғоратгарон.
Ба халқи ту ояд аз он бандагӣ,
Ба бегонагон - роҳати зиндагӣ.
Баҳори дигар дар диёри ман аст,
Баҳори пур аз шаъни марду зан аст:
На танҳо табиат бувад нозанин,
На танҳо бувад сабз рӯи замин.
На танҳо пуробанд дарёю рӯд
На танҳо сароянд мурғон суруд,