Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЧАШМҲО

Чашмҳо будаанд гуногун: Баъзе ҷодугаранду пурафсун. Ҳилаомӯз, шайтанатомӯз, Беамон, хонумони одамсӯз. Баъзе мисли ситораи саҳарӣ Мекунанд ихтиёри шуълаварӣ,– Равшану беғубор мисли булӯр, Пурумеданду аз ҷаҳолат дур. Баъзе чун пурҳарос оҳуе Мераманд аз ту сӯи ҳар кӯе. Баъзе пажмурда, мисли барги хазон Бенасибанд аз баҳористон. Баъзе дар фикри интиқому қасос Тезтар, пурҷилотар аз алмос. Баъзе чун теғҳои ҷаллодон– Интизори ситондани сад ҷон. *** Дидам ингуна чашмҳоро ман Дар паси кӯҳсори хоки Ватан. Дар қафои сафедмӯ Помир – Берун аз Шарқи ҳури мулки кабир, Дар хиёбони Шарқи номасрур,– Шарқи мазлум - кӯчаи Лоҳур. *** Хабаре рафт аз даҳон ба даҳон, К-омаданд аз Россия меҳмонон. Ин хабар кард дӯстро хурсанд, Дар дили душманон шарар афканд. То ки бинандамон қадам ба қадам, Дӯст ҳам мешитофт, душман ҳам. Ҳалқаи мардумон ба гирди мо, Зичтар гашт, чашми одамҳо Вақфи сар то ба пои мо мешуд, Гӯшашон бар садои мо мешуд. Ман ба он дидаҳо назар кардам, Гоҳ фахру гаҳе ҳазар кардам… Фахр кардам, ки дар ҳама кишвар Дӯстонанд бештар, аксар;