ҚИССАИ МАШҲУР
Дар мулки Панҷоб,
Дар шаҳри Лоҳур
Ин қиссаи мо
Гардида машҳур:
Ҳар кишваре, ки
Озод агар нест,
Нафъе ба одам
З-он мамлакат чист?!
Ҳарчанд он мулк
Бисёр зебост,
Бисёр-бисёр
сарват дар он ҷост.
Рафт Офтобу
Шоми нав омад.
На Моҳтобу
На партав омад.
Танҳо ба хона
Маъюсу сархам
Баргашт Аҳмад
Бо чашми пурнам.
Дар хонаи худ
На обу нон дошт,
На дуди оташ
Дар ошдон дошт.
Фарзандҳояш
Гурусна буданд.
Чашмони навмед
Сӯяш кушуданд.
Мегуфт Аҳмад;
«Ин кори бахт аст.
Осмон баланду
Замин сахт аст».
Фарзанди Аҳмад–
Муҳсин ки хомӯш
Истода мекард
Ҳарфи падар гӯш,
Гуфто: «Падарҷон,
Нодон шумоед,