Сухан аз истиқлол
Сухан аз истиқлол сухан аз бедорист,
Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст,
Ҳамчу абре ба сари хушкии он рехтан аст,
Сухан аз истиқлол сухан аз озодист.
Ҳама ҷо даст ба даст,
Ҳама ҷо китф ба китф,
Аз сари бухлу бало хестан аст,
Аз фиребу тамаъу макру риё хестан аст.
Чунки як-як ҳама мо
Пайкари фарруху фархундаи Истиқлолем.
Худи мо бо ҳама тан
Парчами пирӯзӣ,
Парчами иқболем.
Сухан аз истиқлол, на шиор аст, шиори холӣ,
Ин шиорест, ки ҳар як ҳарфаш,
Ҳаст аъмоли накуву олӣ.
Ин шиоре
На зи лофу зи газофу на зи ҳангомаву шӯр аст,
Ин шиорест, ки ҳар ҳарфи каломаш моем.
Ва дар он ҳар нафаре бар дӯшаш,
Бори тақдири Ватан чун мӯр аст.
Сухан аз истиқлол сухан аз виҷдон аст,
На! Сухан нест!
Дил асту ҷигар асту ҷон аст.
Сухан аз истиқлол сухан аз сохтан аст,
Чу сутунҳо ба бинои кишвар
Қомат афрохтан аст.
Қасрҳое, ки ба худ сохтаем, бод обод!
Лек бояст кунун
Худамон қасри шуҷоат ва муҳаббат ва садоқат бошем,
Худамон қасри ҳунар, пайкари ҳиммат бошем.