Надонистам қадри умр
Надонистам қадри умр
Шудам Маҷнун ба саҳроҳо,
Надонистам қадри умр,
Задам сад гом дар дунё,
Надонистам қадри умр.
Фиреби нақши ин олам
Рабуд аз дил хаёли мо,
Ба роҳи бозгашт охир
Надонистам қадри умр.
Кунун бо дасти холӣ
Бар сари хокӣ пушаймонӣ,
Нишастам ашкрезон,
Надонистам қадри умр.
Ғанимат дон даме, эй дил,
Ки умр аз бод зудтар рафт,
Чу ман фардо нагӯй ту:
«Надонистам қадри умр».
Абубакри Абдурасул