Панди Умр
Панди умр
Ба худ гуфтам: тамом шуд навҷавонӣ,
Бикун тавба, вақт аст то тавонӣ.
Гузар кун кунҷи қабристон, даме бин,
Чӣҳо бурданд бо худ, то бидонӣ.
Дарего, умри мо чун об равон аст,
Бубин охир, зи умрат чанд монда аст.
Чаро то ҳол надонӣ охири кор?
Ки охир манзили ҳар кас мазор аст.
Муаллиф: Абубакри Абдурасул