Шаҳри азизам
Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,
Наравад ишқи ту дур аз сари ман.
Ман зи айёми ҷавонӣ ба барат
Ёфтам нашъунамо чун писарат.
Сайр кардам ба гулу гулзорат,
Лолаҳо чидаам аз куҳсорат.
Дасту рӯ шуста ба оби дарё,
Тохтам шодикунон бар саҳро
Ҳар замон боди сабо бегила,
Менамуд аз сару рӯям сила.
Ту ба оғӯши худат чандин сол
Парвариш кардӣ маро ҳамчу ниҳол.
Пас дари илм ба ман бикшодӣ,
Ақлу идроку заковат додӣ.
Чу ба ҳуснат ту диламро бурдӣ,
Меҳр бастам ба ту ман аз хурдӣ.
Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,
Ҳар нафас ёди ту болу пари ман.
Дар шаби равшани айёми баҳор
Буд чашмам ба раҳи ҷонон чор.
Зери по пур зи алафҳои кабуд,
Оби анҳор ҳамехонд суруд…
Гар расад шарфаи пое аз роҳ,
Менамудам ба ҳамон сӯй нигоҳ.
Дил ба сад кӯчаву чашмам як сӯ,
Дар раҳаш буду бинам аз паҳлӯ,
Омадаст… аз ҳаяҷон сурх шудам,
Аҷабо, ман ба чӣ ҳолат будам!
Зеб дода ба қаду андомаш