Шеърҳо бо теги: ватан
Шеърҳои марбут ба теги «ватан» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Барои Муъмин Қаноат
Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав, Ҳамчу тифли инқилоб Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб. Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои ӯ шуданд,
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Ватан
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Ватан дар дил
Ватан дар дили ман чу нури субҳ дамад, Ҳар қатраи хунам ба ишқаш метапад. Бе номи ту, эй мулки азизам, ҳаргиз Ин ҷон ба баҳори ормонҳо нарасад.